Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷаро дар остонаи интихоботи Гурҷистон


Аъзои эътилофи “Орзуи Гурҷистон” мураккаб аз шаш аҳзоби мухолифи давлат мегӯянд, ҳукумат ҳисобҳои банкии ин аҳзобро гирифта ва бештар аз 60 ҳазор доллари онҳоро ба ҷайби давлат рехтааст. Нодар Хадурӣ, аз ҳизби Гурҷистони Демократӣ гуфт, ҳукумати раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ мехоҳад аз ҳамин роҳ, 1 миллиону 500 ҳазор доллар ҷаримаро аз эътилофи “Орзуи Гурҷистон” биситонад. Ин эътилофро барои ғайриқонунӣ ҷалб кардани маблағ барои маъракаҳои тарғиботии интихоботӣ ҷарима баста буданд. Ҳукумати Гурҷистон то кунун ба ин қазия вокуниш нишон надодааст. Моҷарои мазкур дар остонаи интихоботи порлумонии Гурҷистон бархост, ки қарор аст, 1 октябр баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG