Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои нави лафзии Аҳмадинежод ба Исроил


Маҳмуд Аҳмадинежод
Маҳмуд Аҳмадинежод
Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон, ки бо ҳамлаҳои лафзии худ ба Исроил ном баровардааст, гуфт, ки мавҷудияти давлати яҳудӣ “таҳқири башарият” аст. Аҳмадинежод ин суханонро дар поёни раҳпаймоиҳои сартосарии ҷонибдорони Фаластин дар рӯзи Қудс изҳор дошт.

Вай гуфт, Қудс рӯзи ваҳдат ва рӯзи шустани “доғи сиёҳ”-и саҳюнисм ё сионизм дар ҷомеаи башарист. Аҳмадинежод Ғарбро муттаҳам кард, ки Исроилро чун василаи контрол бар Ховари Миёна ва саросари ҷаҳон истифода мекунад.

Ин изҳороти Аҳмадинежод дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Исроил ба таври ошкоро масъалаи ҳамла ба Эронро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG