Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дили бача ба оча, дили оча ба кӯча...


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Наздик ба 35 дарсади кӯдакони хонаводаҳои тоҷик берун аз оила ва дар тарбияи хешовандону дояҳо ба камол мерасанд.

Даву този зиндагӣ ва соатҳои зиёдро дар сари кор сипарӣ намудани волидайн, кӯдакони тоҷикро пазмони дидори падар ва оғӯши модар кардааст.

Гулчеҳра Раҳимова, як сокини Душанбе мегӯяд, тӯли як сол аст, ки тарбияи набераи хурдсолашро ба ӯҳда гирифтааст. Зеро духтараш, ки дар яке аз созмонҳои хориҷӣ фаъолият мекунад, барои нигоҳубини фарзандаш вақти кофӣ надорад,

Ба гуфтаи холаи Гулчеҳра ҳарчанд ӯ аз наберааш чизеро дареғ намедорад, вале бими он мавҷуд аст, ки дурии модар аз фарзанд ба гусаста шудани пайванди миёни онҳо сабаб гардад.

Вай мегӯяд, «духтарам субҳи барвақт ба кор меравад ва танҳо шаб меояд. Ман аз 5 моҳагӣ ба нигоҳбини кӯдак машғул ҳастам. Ҳарчанд ман хуб нигоҳубинӣ
мекунам, аммо меҳри модарӣ дигар аст. Мебинам вақте модараш аз кор меояд, кӯдак тағйир меёбад, вақташ хуш мешавад. Аз он метарсам, ки соатҳои дароз дур аз падару модар тарбияи шудани кӯдак ба кам шудани меҳру муҳаббт миёни онҳо боис нашавад.»

Ба гуфтаи коршиносон, бархе аз падару модарон барои таъмини рӯзгори хонавода дар ду ё ҳатто се ҷой ва ҳам дар рӯзҳои истироҳат кор мекунанд, вале ба пайомади дурии бардавом аз фарзандони худ диққат намедиҳанд.

Дилором Раҳматова, коршиноси Маркази мутолеъоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди муҳим будани ин мавзӯъ, то кунун пажӯҳиши комиле дар ин замина анҷом нашудааст. Вале бино бар таҳлилҳои ибтидоӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз нисфи хонаводаҳои Тоҷикистон банди коранд ва тахмин меравад, ки наздики 35 дарсади кӯдакони онҳо берун аз оила ва дар тарбияи хешовандон ва дояҳо ба камол мерасанд.

Ба таъкиди Дилором Раҳматова, «агар дар давраи Шӯравӣ бештари занонро дар хона дидан мумкин буд, аммо ҳоло аксарияти мардону занон дар фаъолияти меҳнатиянд. Чунки арзиш ва ташвиши зиндагӣ зиёд шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аҳамияти фазои оилавие, ки дар он тарбияву ахлоқ дар мадди аввал меистад, хеле мавқеи баландро дорад. Ин маънои онро надорад, ки бояд ҳамаи модарон дар хона нишинанд, вале, бояд рӯзҳои корӣ бодиқаттар дида баромад шавад.»

Ҳоли ҳозир 5 дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд ва наздики 500 кӯдакистон дар кишвар амал мекунад,ки ба истилоҳ бори тарбияи кӯдаконро барои волидайн сабкутар мекунанд.

Ҳарчанд дар даврони шӯравии пешин низ, модарони ҷавон фаъолияти меҳнатӣ доштанд, аммо тавассути давлат бо бархе имтиёзҳо бархӯрдор буданд. Аз ҷумла онҳо як соат пеш аз кор рухсат мешуданд, то ин ки барои аз кӯдакистон гирифтани фарзандашон имкон дошта бошанд.

Аз сӯи дигар, ҳоло он модарони ҷавон, асосан корхонаҳоеро барои фаъолият интихоб мекунанд, ки музди баландтар доранд, вале ҳамзамон кор дар чунин коргоҳҳо номуназзам аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Манзура Ҷӯраева, раҳбари маркази таълимии «Мултикид» мегӯяд, пас аз кор низ ин модарон хаста мешаванд ва меҳру муҳаббати худро нисбати кӯдаконашон дареғ медоранд: "Вақте, ки модар бо фарзанд сӯҳбат мекунад, алла мехонад, афсона мегӯяд, кӯдак бештар рушд мекунад ва худро маҳбубу лозимӣ эҳсос менамояд. Барои тифл эҳсоси ҳамин алоқа хеле муҳим аст».

Аммо Намоз Бобоев, раҳбари мактаби махсуси кӯдакони душвортарбия бар ин аст, ки ҳоло аксари волидайни ҷавон ҷонибдори зиндагии озоданд ва ба ҳамин хотир аз фарзандони хурдсоли худ канораҷӯӣ мекунанд. Ба андешаи ҷаноби Бобоев, ин раванд аллакай таъсири худро ба насли наврас расонидааст ва аксари кӯдакони чунин хонаводҳо ба волидайн муҳаббат ва эътиқод надоранд.

Намоз Бобоев афзуд: «Ман мушоҳида мекунам, ки бархе аз волидайн ҳарчанд доро ҳастанд, аммо фарзандони худро ба ҳамин мактаби махсус месупоранд. Онҳо мехоҳанд дар хона озод бошанд ва кӯдакон ба онҳо халал нарасонанд. Аммо ин рафтор комилан нодуруст аст ва ба фарҳанги мо тоҷикон рост намеояд. Ин ин раванд ба миллат ва мафкураи миллати мо, ки аз мафкураи мардуми Аврупо фарқ мекунад, хеле хатарнок аст.»

Ба андешаи Намоз Бобоев, бо он ки ҳоло волидайни ҷавон рӯ ба зиндагии муосир меоранд ва дар тарбияи фарзандони худ як навъ бетарафиро интихоб кардаанд, фурсати муҳимеро аз даст медиҳанд, ки баъдан барояшон дер хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG