Пайвандҳои дастрасӣ

Марҷонаро кӣ бояд аз зӯроварии пулис ҳимоят кунад?


Марҷона ва фарзандаш.

Марҷона ва фарзандаш.

Марҷона, як зани ҷавон аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ҳадафи зӯроварии корманди милиса қарор ёфтааст.

Ба гуфтаи вай, корманди Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шавкат Шарифов шабона ба манзилаш ҳамла намуда ва ӯро латукӯб кард. Дар ин воқеа тифли 6-моҳаи Марҷона аз дасташ ба замин афтода беҳуш шудааст.

Марҷона мегӯяд, ин зӯроварӣ замоне сар шуд, ки вай пешниҳоди марҳамонаи корманди милисаро рад намуд: «Шавкат Шарифов ба ман пешинҳод кард, ки аз вай насли зебо ба дунё меояд ва пешниҳоди муносибати маҳрамона кард. Вай борҳо ба ман чунин ҳарфҳоро мезад ва ман рад мекардам. Вақте ки ба ман баҳс кард, ман ҳам ба вай ҷавоб додам, ба латту кӯби ман сар кард, вақте ки кӯдакам ба замин ғалтиду беҳуш шуд, хонаро тарк кард.»

Ин ҳодиса дар авоили моҳи апрели соли равон рух дода, шикоятҳои хонаводаи Марҷона Ризоева ба додситонии ноҳияи Ҳисор аз он вақт то ҳоло натиҷае надодааст. Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳисор посух додааст, ки дар ин ҳодиса аз тарафи корманди милиса ҷинояте рух надодааст.

Бо эътироз аз чунин посух, волидони Марҷона ба вазири умури дохилии Тоҷикистон муроҷиат карданд. Маҳмадмурод Одинаев, падари Марҷона мегӯяд, ки вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов ба нақли онҳо гӯш дода, корманди раёсати ин вазорат Анваршо Зиёевро дар ҳузури онҳо даъват намуда асли воқеаро пурсон шуд:

«Вазир маро хеле хуб қабул кард ва Табаровро дар ҳузури ман даъват карду пурсид, ки дар рафтори милисаи ноҳияи Сино ҷиноят дид мешавад вай тасдиқ кард. Ва гуфт, ки қисман гуноҳашро ба гардан гирифтааст. Вазир дастур дод, ки ба зудтарин фурсат асноди заруриро ба додситонии Ҳисор фиристад. Лекин вақте, ки мо ба прокуратура рафтем ,онҳо худро ба нодонӣ заданд ва инак се моҳ мешавад, ки додситони Ҳисор аслан таваҷӯҳ надорад.»

Анваршо Зиёев, сардори раёсати Вазорати умури дохилӣ дар ин бора мегӯяд:
«Бале, мо ҳамаи аснодро ба ҳамон ноҳия фиристодем ва онҳо идомаи масъаларо мебинанд».

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ

Ба қавли ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов, ин воқеа ду ҷанбаъ дорад. Аз як сӯ корманди умури дохилӣ, касе, ки бояд ҳуқуқи шаҳрвандонро дифоъ кунад, ин ҳуқуқро поймол кардааст ва дувум, ин муштзӯрӣ нисбати зан ба вуқӯъ пайвастааст: «Зӯроварӣ нисбати зан ки ҳамроҳ кӯдак доштааст ин худ як ҷиноят аст. Дар сурате, ки аз рӯи ин қазия қарори дахлдор қабул нашудааст ва дар ҳодисаҳое монанд ба ин қарорҳо содир намешаванд, ки корманди милиса даст ба ҷиноят мезанад ва додситонӣ қарори дахлдор қабул намекунад, ин худ як намуди ҳавасманд кардани кормандони интизомӣ ба ҷинояткорӣ мебошад.»

Дар гурӯҳи “Платформа”-и шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҷеъ ба рафтори кормандони умури дохилӣ дар кишвар шикоятҳои зиёде нашр шудаанд. Яке аз шореҳон гуфтааст, милисаҳо шояд муҳимтарин афроде мебошанд, ки мардум онҳоро намояндаи давлат мешуморад ва рафтори онҳо пеш аз ҳама ба эътибори давлат дар чашмаи шаҳрвандон таъсир мегузорад. Корбри дигари Фейсбук навиштааст, ки шояд тағйири номи кормандони умури дохилӣ аз “милиса” ба “полис” шеваи амали онҳоро низ дигар кунад.

Аммо аксари мубоҳисон бо зикри намунаҳои зиёд гуфтаанд, “фарҳанги кор”-и милисаи тоҷик тағйирнопазир аст. Агар ба ҳамин минвол адолат барқарор нашавад, ба эҳтимоли зиёд шикояти Марҷона Ризоева ба феҳрасти “қурбониёни бадрафтории милиса” изофа хоҳад шуд. Бадрафторие, ки худи вазири умури дохилӣ аз он огаҳӣ дорад ва аснодаш дар Додситонии ноҳияи Ҳисор беҳаракат мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG