Пайвандҳои дастрасӣ

Солҳои ахир шумораи табибони тоҷик дар Ҷумҳурии арабии Яман афзоиш ёфтааст.

Онҳо кор дар Яманро барои он ихтиёр мекунанд, ки шароит дар он ҷо беҳтар аст.

Саидаҳмад Беков-шаҳрванди Тоҷикистон ва раҳбари намояндагии “Техностройэкспорт”-и Русия дар шаҳри Санъои Яман чунин мегӯяд: “Шароите, ки вазорати тандурустии Яман барои табибон муҳайё кардааст, аз шароити кор дар Тоҷикистон беҳтар аст”.

Ба гуфтаи оқои Беков, ҳоло дар ҷумҳурии Яман дар вилоятҳо ва шаҳрҳои мухталиф тақрибан 300 нафар табибони тоҷик дар бахшҳои мухталифи тиб кор мекунанд. Дар миёни онҳо табибони ҷавон низ ҳастанд.

Гулшан-фориғуттаҳсили бахши ҷарроҳии донишгоҳи тибби Душанбе яке аз онҳост
ва як соли пеш барои кор ба Яман даъват шуд. Вай мегӯяд, қабл аз омадан ба Яман дар яке аз бемористонҳои марказии шаҳри Душанбе 6 сол кор кардааст, вале таҷрибае яксолае, ки дар Яман андӯхтааст, барояш аз 6 соли кор дар Душанбе арзиши бештар дорад: “Дар давоми як соли кор дар ин ҷо ман эҳсос кардам, ки ҳамчун табиб зарур ҳастам, ҳарфи ман, хулосаҳои ман барои ҳамкорони дигарам муҳим аст. Инҷо табибон якдигарро мешунаванд, ба ҳарфи якдигар гуш медиҳанд.”

Саидаҳмад Беков, раҳбари намояндагии "Техностройэкспорт"-и Русия дар шаҳри Санъи Яман

Саидаҳмад Беков, раҳбари намояндагии "Техностройэкспорт"-и Русия дар шаҳри Санъи Яман

​Албатта, чигунагии муносибати муштариён бо табиб чунин эҳсосотро ба табиб медиҳад. Шароити кор дар Яман ин табиби ҷавонро мустақилтар кардааст. Вай на танҳо аз рӯи ихтисоси худ бо ҷарроҳии беморон машғул мешавад, балки зуд-зуд зарурате пеш меояд, ки беморони дигарро низ муоина кунад ва ба онҳо муолиҷа фармояд. Ба гуфтаи Гулшан, чунин имкон дар Душанбе ба вай даст намедод: “Духтуре, ки ба ин ҷо меояд, бисёр дарҳо бар рӯяш боз мешаванд. Шеваи кор фарқ мекунад. Дастгоҳҳо замонавианд. Касе барои ҷарроҳӣ пора намедиҳад. Вақте бори аввал ба ман гуфтанд, ки ҳар ҷарроҳ бояд амалиёти ҷарроҳиро танҳо бо як анестезиолог гузаронад, ҳайрон шудам, ки чӣ тавр бе ҷарроҳи дуввум мешавад амалиётро анҷом дод. Аммо баъд одат кардам.”

Гулшан мегӯяд, тавофути дигареро, ки чун зан дар ҷомеаи Яман мушоҳида кардааст, қоил шудани эҳтироми хос ба занон аст. Ба гуфтаи вай, агар дар Тоҷикистон барои амали ҷарроҳӣ табиби ҷарроҳ мард бошад, занони ҷарроҳро то андозае дар канор нигоҳ медоранд ва дар ҷарроҳӣ ба занон нақшҳои дуввуму севвумро вогузор мекунанд. Вале дар Яман миёни мардону занон фарқ намегузоранд.

Бо вуҷуди ин ки табибони тоҷик бо даъвати ширкатҳои “Техностройэкспорт” ва “Технострой”-и Русия дар Яман ба кор ҷалб мешаванд, вале вазорати тандурустии Яман ҷои кори онҳоро муайян мекунад. Фирӯз Каримов-шаҳрванди Тоҷикистон ва намояндаи “Технострой”-и Русия дар Санъо чунин мегӯяд: “Табибони тоҷикро вазорати тандурустии Яман ба кор тақсим мекунад. Онҳо ба вилояте мераванд, ки вазорат онро зарур мешуморад. Ҳоло табибони мо дар чаҳор вилоят кор мекунанд”.

Нуктае, ки барои табибони тоҷик дар Яман падидаи нав аст, гаҳ-гоҳе гузоштани шарту шароит ба табибон аз тарафи соҳибони бемор мебошад. Дар ин кишвар қавму қабилаҳои мухталиф ба сар мебаранд ва онҳо гаҳ-гоҳе бо пеш овардани шарту шароит мушкилоти худро бо ҳукумат ҳал мекунанд. Масалан, моҳи марти Ҳомидҷон Облоқулов, табиби тоҷик соли гузашта дар Яман аз сӯи як гурӯҳи мусаллаҳ ба гарав гирифта шуда буд.

Ҳомидҷон Облоқулов, табиби тоҷик соли гузашта дар Яман аз сӯи як гурӯҳи мусаллаҳ ба гарав гирифта шуда буд.

соли 2011 як гурӯҳи мусаллаҳи ношинос табиби тоҷик Ҳомидҷон Овчибоев-зодаи ноҳияи Ҳисорро дар шаҳри Аттақи Яман гаравгон гирифта буд.

Ин гурӯҳи мусаллаҳ ба баҳонаи муоинаи бемор вайро ба маҳале бо номи Маҳфид бурда буд, вале баъдтар ошкор шуд, ки ин гурӯҳ бемореро ба табиби тоҷик нишон надодааст, балки бо ҳукумати Яман мушкиле доштааст ва барои ҳали мушкили худ ҷони табибро гарав гузоштааст. Бо кӯшишҳо ва талошҳои зиёд Ҳомидҷон Овчибоев раҳо шуд ва ҳоло дар зодгоҳаш зиндагӣ мекунад. Саидаҳмад Беков мегӯяд, истифода аз чунин шеваҳои гарвгонгирӣ дар ҷомеаи Яман мушоҳида мешавад:

“Дар байни яманиҳо ҳамин хел одат ҳаст, ки агар байни мардум ва ҳукумат мушкилӣ сар занад, онҳо бо ҳамин роҳ ҳал мекунанд, он гуна, ки бо бародарамон Ҳомидҷон рух дод. Ба воситаи хориҷиҳо мушкили худро бо ҳукумат ҳал мекунанд. Масалан, барои ободии ягон минтақа ё барои дар вазифа гузоштани насли ягон кавм ё қабила”.

Бо назардошти чунин намунаҳо Гулшан-табиби ҷавон низ мегӯяд, агар касе ё гурӯҳе барои муолиҷаи бемори худ шарте дар миён гузорад, онҳо, яъне табибон саъй мекунанд бо баҳонаҳое беморро ба бемористони дигар бифиристанд, то худашон ба доми чунин гурӯҳҳо надароянд: “Хешовандони бемор шарт мегузоранд ва мегӯянд, “ба мо гарантия медиҳӣ, ки бемор аз ҷарроҳӣ нағз мебарояд?” Дар чунин ҳолат мо беморро ба ҷарроҳӣ намегирем ва кӯшиш мекунем, ки вайро ба ҷои дигар фиристем”.

Табибони тоҷик, бо даъвати намояндагии “Техностройэкспорт”-муассисаи иқтисодӣ-саҳҳомии Русия ба Яман омадаанд. Ин ширкат дар соли 1958 дар давраи Шӯравӣ ҳамкорӣ бо Яманро оғоз кардааст. Дар солҳои 1970 ва 1980 қарни гузашта Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

ҷавонони тоҷик дар ин ширкати русӣ тарҷумонӣ кардаанд ва аз он солҳо эътибори
тоҷиконро дар Яман боло бурдаанд. Аз соли 2005 ба ин сӯ раҳбарии ин ширкат ё муассисаи Русияро дар Яман Саидаҳмад Беков-шаҳрванди Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. “Техностройэкспорт”аслан қарордодҳои Русия ва Яманро дар бахшҳои сохтмонӣ иҷро мекунад.

Бо тӯл кашидани кору иқомати табибони тоҷик дар Яман, фарзандони онҳо таҳсилро дар мактабҳои мухталифи Яман идома медиҳанд. Баъзеҳо фарзандонашонро барои таҳсил ба мактаби назди сафорати Русия дар Санъо додаанд. Вале мактабҳои арабиву инглисӣ, туркӣ ва амсоли он низ вуҷуд дорад.

Саидаҳмад Беков мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман барои таҳсили фарзандонашон дар мактабҳо ва донишгоҳҳои беҳтарин пулро дареғ намедоранд. Онҳо барои ин кор имконоти молӣ доранд. Аз ҳоло бисёре аз ин фарзандон ба чанд забон сӯҳбат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG