Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ постгоҳҳоро барчиданд


Намои шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии вилояти Бадахшон.
Намои шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии вилояти Бадахшон.

Ҳамаи шаш постгоҳи дохили шаҳри Хоруғ, ки аз ҷониби нерӯҳои давлати таҳти назорат қарор доштанд, аз байн бурда шудааст.

Ин постгоҳҳо баъди задухӯрди неруҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин шаҳр дар субҳи 24 июл эҷод шуда ва аз ҷониби сарбоз ва афсарони нерӯҳои давлатӣ таҳти назорат қарор доштанд.

Дар чанд рӯзи пеш низомиёнро дар ин постгоҳҳо кормандони БДА ( бозрасии давлатии автомобилӣ) ва ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонони шаҳр иваз карданд.

Зарурати иваз намудани низомиён дар ин постгоҳҳо пас аз ҳодисаи рӯзи 10-уми август дар пости Бидурд, ки дар он аз тирандозии як сарбоз ду нафар мусофири автомашинаи сабукрав ба ҳалокат расиданд, ба миён омад.

Як манбаи огоҳ аз вазъи шаҳри Хоруғ ба радиои «Озодӣ» гуфт, аз байн бурдани ин постгоҳо яке аз талаботи мардуми шаҳри Хоруғ буд, ки рӯзи 11-уми август дар назди бинои ҳокимияти ин шаҳр гирдиҳам омада ва ихроҷи нерӯҳои эъзомшуда аз марказ дар ин вилоятро шарт гузошта буданд.

Манбаъ афзуд, ки хуруҷи нерӯҳо низ аз Хоруғ шурӯъ шудааст. Вай афзуд, ки ҳоло
танҳо се пости БДА, ки қаблан низ дар шаҳр амал мекард, боқӣ мондааст.

Ин манбаъ гуфт, ки бо мусоидати гурӯҳи миёнарав мавқеи ҷонибҳои музокиракунанда хеле наздик шудааст ва гумон аст, ки баъди иҷрои шартҳо масъалаи ташкили дубораи тазоҳурот ба миён ояд.
XS
SM
MD
LG