Пайвандҳои дастрасӣ

Тавқифи узвияти Сурия дар Созмони ҳамкории исломӣ


Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ узвияти Сурияро дар ин иттиҳодияи 57 кишвари мусалмони дунё ба далели саркӯбии хушунатбори ошӯбҳо аз сӯи Башор Асад мутаваққиф кард. Ин тавофуқ дар рӯзи дувуми нишасти Риёз бо вуҷуди мухолифати Эрон ба даст омад. Тавқифи узвияти Сурия дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои давлатӣ ба шаҳри Азаз – як пойгоҳи чирикиҳо дар шимоли кишвар – дастикам 20 кушта ба ҷо гузошт. Дирӯз дар Димишқ низ дар наздикии меҳмонхонаи мизбони нозирони СММ як таркиши сангин рух дод, ки масъулияташро Артиши чирикии ҳуррияти Сурия ба ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG