Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қазоқистон: Байни 2 куштор рабте нест


Вазорати умури дохилаи Қазоқистон ҳар навъ рабти байни ду мавриди қатлҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Алма-Аторо радд кард. Сухангӯи вазорат гуфт, байни аҷсоди ёфтшуда дар Боғи миллии Иле-Алатов ва қатли 14 марзбон дар марзи Чин робитае вуҷуд надорад. Пулис дар аввали ҳафта аз Боғи миллӣ 11 ҷасади кордхӯрдаро пайдо кард, ки 5 ҷасадро оташ ҳам зада буданд. Дар поёни моҳи май дар як посгоҳи марзӣ дар ҳамин минтақа 14 марзбонро кушта буданд. Баъдан як шарики онҳо зинда ёфт шуд ва ӯро акнун ба ин қатлҳо айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG