Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти маҳсулоти нафтӣ 29 фоиз коҳиш ёфтааст


Тоҷикистон дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ 201 900 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки назар ба айни давраи соли гузашта 80 000 тонна, ё 29 фоиз камтар аст. Дар вазорати иқтисод ба “Азия Плюс” афзоиши истифодаи гази моеъро як далели аслии коҳиши воридоти бензину солярка ном бурдаанд. Воридоти гази моеъ, ки асосан аз Қазоқистон меояд, имсол 88 фоиз афзуда, ба 44 000 тонна наздик шудааст. Русия ҳамчунон содиркунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боқӣ мемонад, вале саҳми ин кишвар имсол 24 дарсад коҳиш ёфта, 59,5 фоизро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG