Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри арқоми нави қурбониёни заминларза дар Эрон


Мақомоти Эрон арқоми нави қурбониёну осебдидагон бар асари заминларзаҳои рӯзи шанберо нашр карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин офати табиӣ 227 нафар ба ҳалокат расида, 1380 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Вазири умури кишвари Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷар ба хабарнигорон гуфт, ки амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ поён ёфтааст ва акнун мақомот дар пайи таъмини афроди зиндамонда бо сарпаноҳ ва маводи озуқаанд. Ба иттилои ӯ, аз 600 деҳаи минтақаи офат тақрибан нисфашон хароб шудаанд. Айни ҳол 16 ҳазор нафар ба сарпаноҳи муваққат ниёз доранд.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки миёни заминларзаҳо дар ду шаҳри воқеъ дар шимолу ғарби кишвар ҳамагӣ 11 дақиқа фосила буд. Аввал заминларзаи нерӯяш 6,4 дараҷаи Рихтер шаҳри Оҳарро такон дод. Сипас дар шаҳри Варзеған заминларзаи нерӯяш 6.3 дараҷаи Рихтер ба амал омад. Ҳарду ин шаҳрҳо дар 60 километрии Табрез ҷойгир шудаанд.

Моҳи декабри соли 2003 заминларзаи мудҳиш дар шаҳри бостонии Бам, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон, мунҷар ба ҳалокати 25 ҳазор нафар шуда буд.
XS
SM
MD
LG