Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиёни яманӣ дипломати саудиро раҳо карданд


Ҷангиёни яманӣ, ки бо “Ал-Қоида” иртибот доранд, шаби гузашта як дипломати саудиро аз банд раҳо карданд.Раҳоии дипломат бо миёнҷигарии сарони қабилаҳои маҳаллӣ сурат гирифт.

Абдулло ал-Холидӣ, муовини консули Арабистони саудӣ дар шаҳри бандарии Аден, воқеъ дар ҷануби Яман, моҳи марти соли равон рабуда шуда буд. Одамрабоён таҳдид карда буданд, ки агар Арабистони саудӣ гаравпулӣ пардохт накунад ва ҷангиёни “Ал-Қоида”-ро аз маҳбасҳояш озод накунад, дипломатро эъдом мекунанд.

Ал-Холидӣ бо кадом шарту шароит озод карда шудааст, ҳанӯз маълум нест.

Дар Яман ҳодисаҳои рабудани хориҷиён зиёд рӯх медиҳанд.
XS
SM
MD
LG