Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Химачал-Прадеш автобус ба ҷарӣ сарозер шуд


Дар аёлати Химачал-Прадеши Ҳиндустон бар асари ба ҷарӣ сарозер шудани автобус дасти кам 40 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилои хабаргузории DPA, дар автобусе, ки барои 44 мусофир пешбинӣ шудааст, 75 нафар савор буданд.

Ба иттилои полис, дар роҳи кӯҳии дараи Чамба ронанда идораи автобусро аз даст дод ва он аз баланди бештар аз сад метр суқут кард. Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома доранд, мақомот ҳадс мезананд, ки шояд теъдоди қурбониён афзоиш ёбад.

Дар Ҳиндустон ҳамасола бар асари сонеҳаи нақлиётӣ беш аз 110 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Гуфта мешавад, ки сабаби ин вазъи хароби роҳҳо, истифодаи мошинҳои кӯҳна ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз сӯи ронандагон аст.
XS
SM
MD
LG