Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Биринҷии Р.Некпо - болотар аз тилои кишварҳои осуда


Варзишгари афғон Рӯҳуллоҳ Некпо дар сабқати таэквондои Бозиҳои олимпии Лондон дар вазни то 68 кило соҳиби нишони биринҷӣ шуд, ки нахустин нишони олимпии Афғонистон дар ин бозиҳост.

Некпои 25-сола дар бозии ниҳоӣ бар рақибаш Мартин Стампер аз Бритониё баранда шуд . Некпо ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, “бо дастони пур” ба ватан бармегардад.

Рӯҳуллоҳи Некпо дар вилояти Вардак ба дунё омада, вале тифлиаш дар як урдугоҳи паноҳандагони афғон дар Эрон гузаштааст ва ҳунари таэквондоро низ ӯ дар ҳамин урдугоҳ омӯхт. Ӯ фақат соли 2004, вақте 17 сол дошт, ба ватан баргашт.

Кобул ба Бозиҳои Лондон 6 варзишгар, аз ҷумла барои бори аввал варзишгардуштар Таҳминаи Кӯҳистониро фиристод, вале Таҳмина ва боқӣ аъзои тим дар Олимпиадаи имсола муваффақ нашуданд. Аз ин тим танҳо Нисораҳмад Бадавӣ мондааст, ки рӯзи ҷумъа ба рақобатҳо дар сабқати таэквондо дар вазни то 80 кило шурӯъ хоҳад кард.

Афғонистон аз соли 1936 дар 11 Олимпиада ширкат кардааст, вале нахустин нишони олимпиашро ҳамин Рӯҳуллоҳ Некпо дар Олимпиадаи 4 сол пеши Пекин ба даст овард, ки низ медали биринҷӣ буд. Баъди он пирӯзӣ ӯ дар кишвараш ба масобаи як қаҳрамони миллӣ расид, раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай ба Некпо мошин ва манзил тӯҳфа кард.

Дар рӯзи бозгашти варзишгар аз бозиҳои Пекин ҳазорон нафар дар фурудгоҳи Кобул ҷамъ шуданд. Рӯзи панҷшанбе рақобати Рӯҳуллоҳ Некпо бо Мартин Стамперро, ки ба фоидаи Некпо анҷомид ва барояш медал овард, низ ҳазорон нафар дар саросари Афғонистон тамошо карданд. Интизор меравад, ки ин бор ҳам дар рӯзи бозгашташ ба ватан, ин варзишкори хушноми афғонро бо гармии на камтар аз 4 соли пеш истиқбол бигиранд.

Доктор Наҷибуллоҳи Фоиқ, раиси кумиссиюни сиҳҳат ва варзиши Вулусӣ Ҷирга – маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон – дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, нишони биринҷии ин ҷавони афғон, ки қариб тамоми зиндагиаш бо азоби ғурбат ва дар тангдастиву гоҳе ҳам ба гуруснагӣ гузаштааст, ҳатто болотар аз медоли тилои варзишкорони кишварҳои орому осудаи дунёст.

Ӯ мегӯяд, барои Афғонистони ҷангзада, ки ахбораш ҳама аз қатлу хуну ин чизҳо меомад, комёбии Некпо аҳамияти фавқулодда дорад, чунки навиди хубе на аз майдонҳои ҷанг, балки аз майдони осудаи варзишист.

XS
SM
MD
LG