Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати мухобиротии МТС-и Русия мегӯяд, ходимонаш дар Узбакистон таҳти фишори рӯзмарраи мақомот қарор гирифтаанд.

Майкл Ҳеккер ноиб-президенти ширкати МТС ба Радиои Озодӣ гуфт, ходимони ширкати "Уздунробита", ки шӯъбаи МТС дар Узбакистон аст, дар пушти дарҳои баста истинтоқ мешаванд ва аз онҳо талаб карда мешавад, ки ин ширкатро дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ муттаҳам кунанд.

“Тавре ходимон ба мо мегӯянд, онҳо мавриди фишори доимӣ қарор гирифтаанд. Ба онҳо мардуми занҷирбандшударо намоиш дода, таҳдид мекунанд, ки агар иқрор накунеду имзо нагузоред, ҳоли шумо низ ҳамин мешавад. Онҳо мегӯянд, ки ба хонаашон маводи мухаддир бурда, сипас кофтукоби хонаро оғоз мекунанд. Ин як барномаи таҳдид мебошад. Ин на танҳо поймол намудани қонуни ҷиноии Узбакистон, балки беэҳтромӣ ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аст.”

Ҳеккер меафзояд, ки мақомот шиносномаҳои сафарии чанд ходими "Уздунробита"-ро мусодира кардаанд. "Уздунробита" бузургтарин ширкати тақдимкунандаи мухобироти бесим дар Узбакистон мебошад. Солҳои зиёд Уздунробита аз рушди кораш гузориш медод. Дар кишваре, ки 25 миллион телефони мобил дорад, ин ширкат 40 дар сади бозорро дар ихтиёр дошт.

Аммо 17-уми июл мақомоти Узбакистон муҷаввизи "Уздунробита"-ро ба мӯҳлати даҳ рӯз мутаваққиф карда, иброз доштанд, ки ин ширкат бо дуздӣ, фасод ва дигар ҷиноятҳои молӣ муттаҳам мебошад. Миллионҳо муштарии "Уздунробита" ба чор ширкати дигари тақдимкунандаи мухобироти бесим рафтанд, то рақами нав гирифта, аз хадамоти онҳо истифода баранд.

Ахиран додситонии Узбакистон "Уздунробита"-ро бо амали хилофи қонуни зидди инҳисор, ҳифзи муштариён ва реклама муттаҳам кард. Вале ширкати МТС ҳамаи айбномаҳоро рад мекунад.

Аслан солҳои ахир дар Узбакистон аз тарафи ҳукумат борҳо тафтиши ширкатҳои хусусӣ ташкил шудааст. Як идда тафтишҳо бо азхудкунии дороии ширкатҳо аз сӯи мақомоти Тошканд ба анҷом расидаанд. Сармоягузорони хориҷӣ мегӯянд, элитаи Узбакистон дар паси ин ҳамлаҳо қарор дорад. "Уздунробита" моли духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова буд. Вай дар соли соли 2004-ум "Уздунробита"-ро ба ширкати МТС- и Русия фурӯхт. Дар ин муддат дороии "Уздунробита" ба як миллиард доллар баробар шудааст ва ба тахмини баъзеҳо ана ҳамин пул ва хоҳиши азхудкунии он сабаби мушкилиҳои ин ширкат аст.

Дар ин бора ноиб-президенти ширкати МТС мегӯяд: “Ман дар бораи наздикони президент, аъзои оилааш, дар бораи дигар афроди бонуфузи табақаҳои болоии ҷомеаи узбак чизи хеле зиёд гуфта метавонам, вале дар ин лаҳза мо аз ин имкон худдорӣ мекунем. Он чизе, ки рӯшан аст, ин рафтори нодурусти мақомоти Узбакистон-идораи додситонӣ ва нозирон мебошад, ки саф кашида, ин амалро ба таври систематик пеш мебаранд.”

Дар қатори айбномаи ахир, "Уздунробита" 80 миллион доллар ҷарима гирифта, бо зиёни бузурги тиҷоратӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки ба қавли Ҳеккер кам нест.
Мудири иҷроияи Уздунробита Бекзод Аҳмадов бо ҷиноятҳои молӣ муттаҳам мешавад. Дар арафаи иқдоми ҳукумат бар зидди ин ширкат, Аҳмадов аз Узбакистон фирор кард. Ҳоло чор мудири сатҳи миёна ва боло боздошт шудаанду чанд ҳафта инҷониб дар зиндон мебошанд. Ширкати МТС боздошти онҳоро ғайриқонунӣ мешуморад.

Ба гуфтаи Ҳеккен, яке аз боздоштшудагон шаҳрванди Русия буд ва зери фишори Маскав ӯро аз зиндон раҳо карданд. Ноиб президенти МТС мегӯяд, дар ҳоле ки ин ширкат иқдоми ҷавобӣ ба ҳукумати Узбакистонро баррасӣ мекунад, кӯмаки Русия барояш ҳеле муҳим аст. Ҳеккер хотирнишон мекунад, ки 30 дарсади сармоягузорони МТС амрикоӣ ҳастанд ва аз ин рӯ, ин ширкат интизор дорад, ки ИМА низ аз ин ширкат дар баҳсаш бо Тошканд пуштибонӣ хоҳад кард.

13-уми август додгоҳи иқтисодии Узбакистон дархости додистонӣ дар мавриди қатъи комили муҷаввизи Уздунробитаро муҳокима хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG