Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои баҳрии ИМА маллоҳони эрониро наҷот доданд


Маллоҳони эронии наҷотёфта дар киштии амрикоӣ

Маллоҳони эронии наҷотёфта дар киштии амрикоӣ

Нерӯҳои баҳрии ИМА иттилоъ медиҳанд, ки дар Халиҷи Форс яке аз киштиҳои низомии ИМА маллоҳони эрониро аз киштии оташзада наҷот додааст. Тибқи ин гузориш рӯзи чоршанбе киштии низомии Ҷеймс Вилямс киштии оташзадаи эрониҳоро дида, маллоҳони он: ҳашт шаҳрванди Эрон ва ду покистониро наҷот медиҳад. Сухангӯи Флоти панҷуми нерӯҳои баҳрии ИМА лейтенант Грег Рейлсон мегӯяд, маллоҳонро ба киштии амрикоӣ интиқол дода, ба онҳо кумаки тиббӣ расондаанд. Ӯ афзуд, акнун маллоҳонро ба киштии ҳомили ҳавопаймоҳо бо номи Энтерпрайз интиқол дода, аз он ҷо ба ватанашон бармегардонанд. Дар тӯли ду соли гузашта нерӯҳои баҳрии ИМА камаш ҳафт дафъа маллоҳони эрониро аз фалокатҳои мухталиф наҷот додаанд.
XS
SM
MD
LG