Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи Мамадасламов барои "гаравгонгирӣ"


Додситонии кулл алайҳи Ёдгор Мамадасламов, яке аз сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон ба иттиҳоми "гаравгонгирӣ", парванда боз кардааст.

Маркази матбуоти додситонӣ дар таъйиди ин хабар мегӯяд, Ёдгор Мамадасламов солҳои 2002-2012 аз ҳисоби ҷавонони деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон дастаи мусаллаҳ созмон дода, онро бо яроқу лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ намудааст ва ба ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин даст задааст.

Аз ҷумла 9-уми ноябри соли 2011 аъзоёни ин гурӯҳ, бо номҳои «Карим», «Парвиз», «Хушдил», ҷамъ 10 - 15 нафар шаҳрванд М.Ҷ.-ро, ки пайи корҳои тиҷоратӣ дар Хоруғ қарор дошт, аз меҳмонхона гирифта, ба деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон бурдаанд ва барои раҳоии ӯ 35000 доллари ИМА талаб намуданд, аммо 30 ноябри соли 2011 бо дахолати Раёсати КДАМ дар Бадахшон гаравгон озод карда шудааст.

Аз ин хотир, додситонӣ бо моддаи 181, қисми 3, банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - гаравгонгирӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтиши он идома дорад.

Ёдгор Мамадасламов, яке аз чор фармондеҳи Бадахшон аст, ки дар гузашта узви ИНОТ буд ва пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар ниҳодҳои амниятӣ кор карда, бино ба иттилои расмӣ, бо тиҷоратҳои ғайриқонунӣ сарукор дошт.

Пас аз шурӯъи ҳаводиси Хоруғ, мақомот ӯро аз ташкилкунандагони ноамниҳои ахири Бадахшон меноманд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, маҳалли сукунати Ёдгор Мамадасламов дар ҳоли ҳозир маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи душанбе алайҳи Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Аёмбеков аз дигар раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ барони барнагардони қарзҳои бонкӣ парванда боз намуда буд.

Аз ҷумла, дар иттилоияи додситонии кул омадааст, Ёдгор Мамадасламов ва ҳамсари бародараш - Оламбибӣ Гулдарбоғова, сокини деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон, 12-уми сентябри соли 2008-ум аз “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ ба мӯҳлати ду сол 350 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ гирифта, то ба ҳол барнагардондаанд.

Додситонӣ мегӯяд, ин маблағ бо таъсири бевоситаи Ёдгор Мамадасламов гирифта шуда, бо фоизаш 695 ҳазору 847 сомониро ташкил медиҳад, ки "ин зарари ҷиддӣ ба манфиатҳои “Амонатбонк” аст."

Додситонӣ аз рӯи банди “б”, қисми 3, моддаи 246-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - тасарруфи пули ба тариқи кредит додашуда аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ - парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ёдгор Шомусалламов ва Толиб Айёмбеков дар ҳоле сурат мегиранд, ки аз мӯҳлати гирифтани қарз 4 ва 2 сол гузаштааст. Мақомот мегӯянд, фурсати мувофиқ барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо пас аз амалиёти Хоруғ фароҳам шуд.
XS
SM
MD
LG