Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 16 зина поин шуд


Тоҷикистон дар феҳристи навини FIFA 16 зина поин шуд ва дар мақоми 140-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 202 имтиёз миёни тимҳои миллии ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ танҳо аз Қазоқистону Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: Русия, Украина, Эстония, Арманистон, Узбакистон, Латвия, Беларус, Литва, Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Молдова,Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 208 тими миллӣ дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Инглистон ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Уругвай, Португалия, Италия, Аргентина, Ҳолланд, Хорватия ва Дания ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 19-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Чин, Урдун, Ироқ, Кореяи Шимолӣ ва Умон.

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад.
XS
SM
MD
LG