Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 3 сарбози НАТО ва 8 фарди мулкӣ дар Афғонистон


Як сарбози олмонӣ дар ҳумаҳои шаҳри Толиқон, маркази вилояти Таҳор.
Як сарбози олмонӣ дар ҳумаҳои шаҳри Толиқон, маркази вилояти Таҳор.

Дар натиҷаи ноамниҳо дар саросари Афғонистон, рӯзи сешанбе се сарбози НАТО ва ҳашт ғайринизомии афғон кушта шуданд.

НАТО мегӯяд, дар яке аз ин рӯйдодҳо, ду мард, ки дар тан либоси пулис доштанд, як аскари амрикоиро ба қатл расониданд.

Тибқи хабарномаи Эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико, ҳар ду ҳамлакунанда дастгир шуда ва таҳқиқи онҳо идома дорад.

Ду сарбози дигари НАТО дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона ва як таркиши канори роҳӣ дар шарқ ва ҷануби Афғонистон кушта шудаанд.

Ҳамчунин ҳашт ғайри низомии афғон замоне кушта шуданд, ки мошини онҳо дар вулусволии Пағмон, дар наздикҳои Кобул - пойтахтахти Афғонистон бо як бомби канори роҳӣ бархӯрд кард.

Бар асоси эҳсоияи саҳифаи интернетии мавсум ба iCasualties.org, дар ҷараёни моҳи август, то кунун 10 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон кушта шудаанд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Афғонистон 278 сарбози хориҷӣ кушта шудааст. Аз оғози амалиёни нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2001, ки бо суқути режими Толибон анҷомид, то кунун 3125 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG