Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони мудофеъ: “Pussy Riot”-ро сафед кунед


Вакилони мудофеъ имрӯз аз додгоҳи Хамовникии Маскав хостанд, ки ҳарсе овозхони гурӯҳи “Pussy Riot”-ро сафед кунад, чунки амали онҳо ҷиноят набуд. Ин дар ҳолест, ки қаблан додситон аз қозӣ барои ҳарсе узви гурӯҳи “Pussy Riot” барои авбошӣ сесолӣ ҳукми зиндон пурсид. Вакили мудофеъ Виоллета Волкова аммо гуфт: “Тайи 95 сол, яъне аз соли 1917 дар Русия ягон мурофиа бо иттиҳоми тавҳин ба худо набуд. Дар соли 2012 ақрабаки вақт ба қафо баргашт – ба асрҳои миёна.”
Надежда Толоконникова, Мария Алёхина ва Екатерина Самутсевич моҳи март дар пайи иҷрои як тарона алайҳи ҳукумати Владимир Путин дар калисои Исои наҷотбахш боздошт шуданд. Онҳоро ба авбошӣ ва таҳқири эҳсосоти мазҳабии масеҳиёни православ айбор мекунанд.
XS
SM
MD
LG