Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор мекунад


Ҷунбиши миллии Тоҷикистон, созмони ҳанӯз расман сабтиномнашуда эълом медорад, ки 30-юми августи соли равон дар Душанбе ҳамоише таҳти унвони «Интихоботи шаффофи раисҷумҳурӣ - 2013» баргузор хоҳад кард. Қиёмиддин Шоев, аз раҳбарони созмон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин ҳамоиш тамоми аҳзоби сиёсӣ, сафоратҳои ИМА, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва созмонҳои дохиливу байнулмилалии мустақар дар Тоҷикистон даъват хоҳанд шуд.

Вай афзуд, мутамарказ кардани кӯшишҳои тамоми нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон барои шаффоф ва бо номзади ягонаву арзанда, таъсиси эътилофи демократӣ ва маркази шаффофият, пешниҳоди ислоҳот ба қонуни интихобот ва муроҷиатномаи мардумӣ ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оид ба худдорӣ аз ширкат дар интихоботи президентии соли 2013, ҳадафҳои аслии ин ҳамоиш мебошанд. Ба қавли ӯ, кумитаи тадорукоти ҳамоиш, аз ҷумла ба Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳам даъватнома фиристода, суханронии намояндаи он ҳам пешбинӣ шудааст.

Гурӯҳе бо номи "Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" беш аз ним сол ба ин сӯ дар Интернет пайдо шуда, ду моҳи қабл асноди расмиашро ба вазорати адлияи Тоҷикистон супорид. Ин созмон аз аҳзобу созмонҳои сиёсии кишвар даъват кард, ки барои пешниҳоди номзади ягона ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 мувофиқа ҳосил кунанд. Ин созмон, ки низоми ҳоким дар Тоҷикистонро “диктаторӣ” унвон кардааст, пешниҳод дорад, ки барои дастрасӣ ба як ҳокимияти мардумӣ дар Тоҷикистон ислоҳоти сиёсӣ баргузор шавад.

Масъулони ин созмон мегӯянд, ҷонибдорони онҳо дар Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Эрон ва Русия фаъоланд. Гурӯҳ пешниҳод мекунад, ки сар аз соли 2013-ум ду мӯҳлати 7-солаи раёсати ҷумҳурӣ то ду даври 4-солӣ коҳиш дода шуда, раҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар бар пояи раъйи мардум интихоб шаванд.

Созмони Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ба дунболи фаъол шудани торнамояш ва гузоштани шарҳу тафсирҳо дар шабакаи Фейсбук аз тарафи расонаҳои давлатӣ ҳадафи танқид қарор ёфтааст.

Қиёмиддин Шоев мегӯяд, сабти номи созмон дар вазорати адлия бо далоили бофтаву сохта сабти номи созмон аз сӯи мақомот қафо партофта мешавад, аз ҷумла як далел ин аст, ки ҳамчунин созмоне дар Тоҷикистон қаблан вуҷуд дошт.
Дар солҳои 90 – ум дар Тоҷикистон боз як Ҷунбиши миллии Тоҷикистон фаъолият мекард, ки сарвариашро Ҳокимшоҳ Муҳаббатов, ҳоло муқими Русия бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG