Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори афсарони полиси Миср дар марз бо Исроил


Посгоҳи марзии исроилӣ дар марзи ин кишвар бо Миср
Посгоҳи марзии исроилӣ дар марзи ин кишвар бо Миср
Назар ба гузоришҳо аз Миср силоҳбадастони номаълум болои як посгоҳ дар марз миёни Мисру Исроил ҳамла карда, камаш 16 афсари полиси Мисрро ба қатл расондаанд. Низомиёни Исроил таъкид мекунанд, ки силоҳбадастон савори ду мошин буданд ва баъди ҳамла болои посгоҳи мисрӣ кӯшиш карданд, ки ба хоки исроил дохил шаванд. Ҳамин манбаъ мегӯяд, мошини аввал ҳангоми убури марз таркиду мошини дуюмиро ҳавопайҳои исроилӣ маҳв намуданд. Телевизиони давлатии Миср ифротгароҳои исломиро масъули ҳамла меномад. Дар давоми соли гузашта ҷангҷӯёни исломӣ чанд дафъа лӯлаи газ ва посгоҳҳои полис дар нимҷазираи Синоро ҳадафи ҳамлаҳояшон қарор додаанд.
Баъди ҳамла президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ ваъда дод, ки нимҷазираи Синоро таҳти назорати комили нерӯҳои ҳукуматӣ қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG