Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай салби салоҳияти вазиронашро пазируфт


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, салби салоҳияти вазирони умури дохила ва дифоъро мепазирад. Карзай имрӯз дар иҷлоси Шӯрои амнияти миллӣ аз Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Абдулраҳим Вардак хост, ки то интисоби вузарои нав ба сарпарастии ин ду вазорати муҳими амниятӣ идома диҳанд. Парлумони Афғонистон рӯзи шанбе ин ду узви кобинаро дар нокомиҳои амниятӣ дар амри муқобила ба қатлҳои ахири мансабдорони аршад ва ҳам ҳамлаҳои фаромарзие, ки ба дӯши Покистон бораш мекунанд, айбдор хонд ва ба онҳо изҳори нобоварӣ кард.
XS
SM
MD
LG