Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши коргарони чинӣ дар Тоҷикистон ба нафъи кор аст?


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Шумори рӯзафзуни чеҳраҳои чинӣ дар бозорҳо ва сохтмонҳои Тоҷикистонро мардум ба шеваҳои гуногун тафсир мекунанд.

Дар ҳоле, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба мардикорӣ машғуланд, теъдоди коргарони чинӣ дар корхонаву иншоотҳои Тоҷикистон бамаротиб меафзояд.

Ширкатҳои чиние, ки дар Тоҷикистон бо сохтмони роҳҳову биноҳо, тарҳҳои энержӣ ва коркарди оҳан машғуланд, кормандони худро умдатан аз Чин меоранд. Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон эълом дошт, ки дар вилояти Хатлон 3 ҳазор ҳектор заминро ба ихтиёри кишоварзони Чин хоҳад гузошт.

Коршиносон мегӯянд, афзоиши чиниҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз эҳсосшаванда нест, аммо аз эҳтимол дур нест, ки ба ҳамин наздикиҳо дар кишвар маҳаллаҳои чинӣ пайдо шаванд.

Аммо мардуми оддӣ дар мавриди ҳузури рӯзафзуни чиниҳо дар Тоҷикистон чӣ андеша доранд? Наворбардори "Озодӣ" ба кӯчаҳои пойтахт баромад ва назари сокинонро дар ин маврид ҷӯё шуд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG