Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои “амири муҷоҳидини Тотористон”


Як ҷангии исломӣ масъулияти ҳамлаҳои моҳи гузашта дар Тотористонро ба ӯҳда гирифт.

Ин ҳамлаҳо мунҷар ба ҳалокати ду рӯҳонии аршад ва сахт захмӣ шудани муфтии аъзами ин ҷумҳурии мухтори тобеъи Русия шуд.

Дар навори видеоии нашршуда дар Кавказ-Сентр - сомонаи наздик ба чирикиҳои чечен – марде худро Муҳаммад ва “амири муҷоҳидини Тотористон” ном бурда, иддао мекунад, ки “амалиёти рӯзи 19 июл алайҳи душманони Худо -Илдус Файзов ва Валиуллоҳ Ёқубов дар Қазон бо фармони ман сурат гирифт.” Муҳаммад дар ин навори камтар аз 2 дақиқа ҳушдор медиҳад, ки чунин ҳамлаҳо алайҳи, ба таъбири ӯ, “душманони Худо” идома хоҳад ёфт. Ӯ аз тамоми имомҳои масоҷиди Тотористон даъват мекунад, ки аз муомилот бо “куффор” даст шуста, ба домани Шариат баргарданд, ки ин, ба гуфтаи Муҳаммад, танҳо роҳи наҷоти рӯҳониёни тотор аз теғи муҷоҳидин хоҳад буд.

Тотористон то замони тасарруфаш аз сӯи подшоҳи вақти Русия Иван Грозний дар асри 16 аз пойгоҳҳои қавии Ислом маҳсуб мешуд. Вале баъди пайвастан ба Русия ҳам ин қаламрав мероси исломиашро ҳифз кард ва пурҷамъияттарин ҷумҳурии мусалмоннишини Русия боқӣ монда, бо шарофати конҳои нафташ аз пурнуфузтарин ҷумҳуриҳои тобеъи ин кишвар низ ба ҳисоб меравад.

Рӯзи 19 июл бар асари бомбгузориҳои алоҳида дар Қазон муфтии Тотористон Илдус Файзов ҷароҳатҳои сангин бардошта, муовини ӯ Валиуллоҳ Ёқубов кушта шуд. Дар иртикоби ҳамлаҳо ба раҳбарони рӯҳонии Тотористон то имрӯз 5 нафар, бо шумули як шаҳрванди Узбакистон, боздошт шудаанд, вале аксари онҳо марбут ба ширкатҳоеянд, ки машғули таъмини сафари зоирони тотор ба Ҳаҷ буданд.

Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия алакай як рӯз баъд аз ин ҳамлаҳо гуфт, ду фарзияи мухталиф, ки яке мазҳабӣ ва яке молист, таҳқиқ хоҳад шуд: “Файзов баъди расидан ба мақоми муфтии аъзам алайҳи созмонҳое, ки равишҳои тунди Исломро дар Тотористон таблиғ мекарданд, мавзеъи шадид гирифт. Файзов ба фаъолияти чунин созмонҳо мамониат мекард. Ӯ ҳамин тавр, гардиши пул дар ширкати “Иделҳаҷҷ”-ро, ки машғули фиристодани зоирон ба Макка буд, зери назорат гирифт. Дар ин замина байни муфтӣ ва раҳбари ин созмон ҷанҷол бархост ва ӯ ба Файзов таҳдид ҳам кард.”

Раҳбари “Иделҳаҷҷ” Рустам Гатауллин ва яке аз мухолифони сарсахти ақидатии муфтии Тотористон Ҳайрат Шокиров аз ҷумлаи нахустин нафаронеанд, ки бо гумони даст доштан дар ҳамлаҳо алайҳи раҳбарони рӯҳонии ҷумҳурӣ дастгир шуданд. Аммо дар нишасти ахири парлумони Тотористон гуфта шуд, ки Илдус Файзов ва муовинаш Ёқубов қурбони мубориза алайҳи ҷараёнҳои навбаромаде, чун салафия шудаанд. Ба ақидаи мақомоти тотор, чунин равияҳои ғайрисуннатӣ ба Тотористон аз хориҷ меояд ва аз ин рӯ, парлумон бо таҳрири қонуни дин таъсиси созмонҳои мазҳабӣ дар ин ҷумҳурии мухторро ба атбоъи хориҷӣ манъ кард.

Кумитаи тафтишоти Тотористон рӯзи шанбе ду сокини маҳаллӣ – Роберт Валиев ва Раис Мингалиевро бо ҷароиме, чун куштор ва терроризм таҳти пайгард гузошт. Ба гуфтаи мақомот, онҳо дар ҳамлаҳои моҳи июл низ даст доштаанд.

Бо ин ҳол, марди дар навори Кавказ-Сентр зоҳиршуда автомат дар сари китф худро “амири муҷоҳидини Тотористон” меномад, вале намегӯяд, ки оё чанд нафар зери фармони ӯ қарор доранд. Ин як гурӯҳи то ҳол ноошност, ки бори аввал аз худ дарак медиҳад ва он ҳам бо иддаои масъулияти ҳамлаҳои пурсарусадо ба ҷони муфтии аъзами Тотористон ва муовини ӯ.
XS
SM
MD
LG