Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон вазъи Судони Ҷанубиро бо раҳбаронаш баррасӣ кард


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа аз Судони Ҷанубӣ боздид кард. Вай бо президент Салва Кийир ва Нҳиал Денг Нҳиал-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар мулоқот анҷом дод. Хонум Клинтон аз Судони Ҷанубӣ ва Судон хост, ба мубоҳисоти шадид, ки аз аввали соли ҷорӣ оғоз шудааст, хотима диҳанд.

Соли гузашта Судони Ҷанубӣ аз Судон ҷудо шуд ва худро кишвари мустақил эълон кард. Аз он замон то ҳол муносиботи миёни ҳар ду Судон сард боқӣ мондааст. Гаҳ-гоҳе дар марзҳои миёни ду кишвар даргириҳо мушоҳида мешавад.

Боздиди хонум Клинтон аз Судони Ҷанубӣ се соат давом мекунад. Дар давоми силсилабоздидҳои 11 рӯзаи вай боздид аз 7 кишвари африқоӣ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG