Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварони Ҷоми раиси АФК-2012 эълон шуданд


Дар акс: довари ФИФА Хамис Муҳаммад Ал-Маррӣ аз Қатар
Дар акс: довари ФИФА Хамис Муҳаммад Ал-Маррӣ аз Қатар

Конфедератсияи футболи Осиё доварони сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012-ро эълон кард.

Сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 аз 24-ум то 30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Пномпен Краун» (Камбоҷа), «Дордой» (Қирғизистон) ва дар гурӯҳи “В” тимҳои «Ал-Аммарӣ» (Фаластин), «КРЛ» (“Озмоишгоҳҳои Хон”, Покистон) ва «Тайван Пауэр Компани» (Тайван) рақобат мекунанд.

Комиссарҳои бозиҳо: Пенано Давид Двайдт (Филиппин), Лин Вейгуо (Чин).
Нозирони доварон: Лиу Тиечжун (Чин), Саад Ал-Фадҳлӣ (Кувайт).
Доварони ФИФА: Лида Ҷумпей (Ҷопон), Хамис Муҳаммад Ал-Маррӣ (Қатар), Алмирдасӣ Фаҳад Адван (Арабистони Саудӣ), Гамини Нивон Робеш (Шри-Ланка), Масъуд Туфайли Ҷамил Найфеҳ (Сурия).
Ёварони довари ФИФА: Чен Ой Чо (Ҳонконг), Ким Сунг Ил (Кореяи Ҷанубӣ), Муҳаммад Ҳаниф Бин Абдул Раҳмон (Малайзия), Ал-Амрӣ Абубакр Салим Маҳад (Умон), Лим Кок Ҳенг (Сингапур), Паллия Гуруҷ Приянга Намал (Шри-Ланка).
XS
SM
MD
LG