Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз коҳиши терроризм дар олам хабар дод


Хатари терроризм дар олам то ҳол побарҷост
Хатари терроризм дар олам то ҳол побарҷост
ИМА соли 2011-умро “соли чархиш дар мубориза бо терроризм” мехонад – бори аввал дар ҳафт соли ахир сатҳи ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон пойин рафт. Дар гузориши ахири вазорати умури хориҷии ИМА куштори раҳбари пешини шабакаи “Ал-Қоида” Усома бин Лоден дар моҳи майи соли 2011 муҳимтарин нуқтаи ин чархиш арзёбӣ шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки талафоти “Ал-Қоида” ва ҳамзамон беҳтар шудани тавоноии муқовимат бо терроризм дар бархе кишварҳо боиси коҳиш ёфтани ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон шуд. Соли гузашта дар 70 кишвари олам 10283 ҳамлаи террористӣ анҷом шуд, ки ба риштаи умри беш аз 12500 нафар миқроз зад. Шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистону Ироқ назар ба солҳои пеш 15 дар сад кам шуд, зикр шудааст дар гузориш.

Ҳамзамон муаллифон навиштаанд, ки хатари терроризм побарҷост ва “Ал-қоида” дар шимоли Африқо ва дар нимҷазираи Арабистон нерӯмандтар мешавад - ҳаводиси Либия ва Малӣ - баёнгари ин аст. Дар қораи Африқо - гурӯҳи “Бока Ҳаром”-и Нигерия ва дар Амрикои Лотин созмони ФАРК-и Колумбия ба таври фаровон ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG