Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи озодиҳои динӣ дар гузориши вазорати хориҷии ИМА


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Вазорати умури хориҷиии ИМА гузориши солона дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар соли 2011-ро муаррифӣ намуд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии кишвар, зимни муаррифии гузориш гуфт, ки айни ҳол "беш аз миллиард нафар дар сартосари олам дар вазъи нақзи пайвастаи озодиҳои мазҳабӣ ба сар мебаранд".

Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки таҳаммулнопазирии мазҳабӣ аз муҳимтарин мушкилоти олам дар соли гузашта буд. Ба навиштаи муаллифон, вокуниши ҳукуматҳои Баҳрайн, Ироқ ва Русия ба аъмоли гурӯҳҳои ба истилоҳ “ифротгаро” боиси боло рафтани таҳаммулнопазирӣ ва маҳдудсозии озодиҳои динӣ шудааст.

Ҳамчунин кишварҳои олам назар ба солҳои пеш аз қонунҳои тавҳин ба муқаддасот, иртидод ё тарки мазҳаб ва тӯҳмат бештар истифода кардаанд, ки, аз нигоҳи вазорати умури хориҷии Амрико, озодиҳои диниро маҳдуд месозад.

Дар Чин, Эрон, Кореяи Шимолӣ ва Арабистони саудӣ озодиҳои виҷдон пайваста нағз мешаван, навиштаанд муаллифон. Дар гузориш ҳамчунин ба болоравии сатҳи антисемитизм ё маслаки зидди яҳуд, таҳаммулнопазирӣ дар баробари намояндагони аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, аҳмадиҳо, баҳоиҳо, буддоиҳо ва мусалмонҳои уйғур таъкид шудааст.
XS
SM
MD
LG