Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукми Аҳмадёровро маҳкум мекунанд


Рӯзноманигор Луқмон Аҳмадёров дар моҳи апрел мавриди ҳамла қарор гирифта буд
Рӯзноманигор Луқмон Аҳмадёров дар моҳи апрел мавриди ҳамла қарор гирифта буд
Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон бо номи Хабарнигорони бидуни марз қарори додгоҳи қазоқ дар бораи муҷозоти молии хабарнигори мухолифи ҳукумат дар як қазияи зиддуннақизи тӯҳматро маҳкум кардааст. Созмон дар изҳороте, ки рӯзи душанбе ба табъ расонд, навиштааст, ҳадафи ҳукми додгоҳ аз 20-уми июл аз нуқтаи назари молӣ гулӯгир намудани рӯзноманигор Луқмон Аҳмадёров мебошад. Додгоҳ Аҳмадёровро бо тавҳини як мансабдори вилояти ғарбии Қазоқистон муҷрим дониста, амр дод, ки 5 миллион танга, ки муодили 33 ҳазор доллар аст, ҷарима супорад. Моҳи апрел хабарнигори рӯзномаи “Уралская неделя” Аҳмадёров дар шаҳри Орал мавриди ҳамла қарор гирифта, аз корд ва тири таппончаи пневматикӣ захм бардошта буд. Аҳмадёров мегӯяд, ҳам ҳамлаи моҳи апрел ва ҳам ҳукми додгоҳ ҳадафҳои сиёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG