Пайвандҳои дастрасӣ

Замини Лодин дар Абботободи Покистон мусодира шуд


Кӯдакон дар порчаи замине, ки қаблан паноҳгоҳи Усома бин Лодин будааст, крикетбозӣ мекунанд

Кӯдакон дар порчаи замине, ки қаблан паноҳгоҳи Усома бин Лодин будааст, крикетбозӣ мекунанд

Мақомоти Покистон порчаи заминеро, ки дар он хонаи Усома бин Лодин бунёд шуда буд, моли давлат эълон кардаанд.Раҳбари шабакаи террористии ал-Қоида Усома бин Лодин моҳи майи соли 2011-ум дар хонааш дар шаҳраки Абботободи Покистон аз тарафи нерӯҳои таъйиноти хоси ИМА ба қатл расид. Моҳи феврали соли равон мақомоти Покистон хонаи Лодинро тахриб намуданд, то ба макони ибодати пайравонаш табдил наёбад. Дар сӯҳбат бо Радиои Машъал Нимрӯз Хон вазири умури динии вилояти Хайбар Пахтунхво гуфт, ки порчаи замин дар шаҳраки Абботобод ба нафъи ҳукумат мусодира шуд. Ба гуфти ин масабдор эҳтимол ҳукумат дар ҷои хонаи Лодин мактаб ва ё маркази беҳдошт бунёд кунад. Қабл аз мусодираи замин ҳукумати маҳаллӣ чанд дафъа дар матбуоти Покистон баёния нашр намуда, талаб кардааст, ки мухолифини мусодираи замини Лодин садо баланд кунанд, вале касе ин моликияти ғайриманқулро тақозо накардааст.
XS
SM
MD
LG