Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилӣ аз пайдо шудани туфангчае, ки барои куштори Холмӯъмин Сафаров истифода шудааст, иттилоъ дод.

Ба қавли ин манбаъ, туфангчаи тамғаи "Макаров", ки аз он шахси номаълум ба қисмати рӯй, қафаси сина ва шиками раҳбари хоҷагии ҷангалу шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур тир холӣ карда буд, аз рӯдхонаи Душанбе дар маҳаллаи 46 дар наздикии тарабхонаи «Фараҳноз»- и Шӯрои деҳоти «Россия» пайдо шудааст.

Ҷустуҷӯи туфангча рӯзи 15 июл пас аз он оғоз шуд, ки нафари гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров аз сӯи кормандони милиса боздошт шуд. Гумонбар дар ҷараёни бозпурсӣ баёнот дод, ки дар шаби сӯиқасд ба Холмӯъмин Сафаров силоҳи худро дар дарёи Душанбе партофтааст.

Ба манзури дигар кардани маҷрои оби дарё техника сафарбар карда шуда ва аз маъмурони пулис то ба раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, бахусус вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар ду паҳлӯи дарёи Душанбе, дар қисмати ҷамоати деҳоти «Россия» ва маҳаллаи 46-ум назоратро бар дӯш доранд, ба ҷустуҷӯи таппонча пардохтанд.

Холмӯъмин Сафаров аз хешовандони наздики президент Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии хонааш дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе ба қатл расид. Пас як моҳи ҳодиса Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки кормандони ин вазорат дар ҷараёни як амалиёт қотили Сафаровро боздошт кардаанд. Аммо дар бораи ҳувияти боздоштшуда то ҳанӯз тавзеҳот дода нашудааст.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG