Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба қароргоҳи Хоруғ як нафар захмӣ шудааст


Дар ҳамлае ба Раёсати корҳои дохилии Бадахшон, ки баъд аз рӯйдодҳои Хоруғ ба қароргоҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, як нафар аз тир ҷароҳат бардоштааст. Дар ин қароргоҳ вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ин хабарро дар изҳороте роҷеъ ба вазъи Бадахшон тасдиқ кардааст. Дар изҳорот омадааст, ки гурӯҳҳои ғайриқонунӣ оташбаси 24 июл эълоншударо вайрон намуда, шаби 27 июл ба ҷои таслим шудан ба мақомот ба Раёсати корҳои дохилии вилоят ва қароргоҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додаанд.

Дар ин изҳорот омадааст, ки ҷинояткорон барои ҳимояи худ занон ва мӯйсафедонро ҳамчун сипари зинда истифода мебаранд. Чунин равиш кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои боздошти афроди мусаллаҳи ғайриқонунӣ душвор сохтааст.
XS
SM
MD
LG