Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон оғоз шудааст


Машъали олимпӣ дар варзишгоҳ

Машъали олимпӣ дар варзишгоҳ

Дар Лондон бозиҳои тобистонаи олимпӣ оғоз шудааст. Шабонгоҳи ҷумъа ба шанбе маликаи Британия Элизабетаи 2 баъд аз се соати намоишномаи вижа дар варзишгоҳ, ки аз тариқи телевизион пахш мешуд ва онро дар саросари ҷаҳон ҳудуди як миллиард нафар тамошо мекарданд, гушоиши бозиҳои олимпиро эълон кард. Вай ба таври маъмулӣ ҳангоми гушоиши ин бозиҳо чунин гуфт:

“Ман гушоиши бозиҳои Лондонро дар маросими таҷлил аз Олимпиадаи сиюм дар асри ҷадид” эълон мекунам”.

Дар ҳамин лаҳзаҳо 7 варзишгари ҷавони Британия деги оташи олимпиро фурӯзон карданд. Бисёре аз раҳбарони ҷаҳон дар маросими гушоиши ин бозиҳо ширкат доштанд.
Зангулаи бузург ба нишонаи оғози бозиҳо дар ҳузузри 80 000 нафар ба садо даромад.
Тақрибан 10 500 нафар варзишгарон аз 204 кишвар дар ин бозиҳо барои дарёфти 302 медали тилло дар 26 навъи варзиш мубориза мекунанд.

Аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 16 варзишгар ширкат мекунанд. Қарор буд, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар маросими гушоиши бозиҳои олимпӣ дар Лондон ширкат варзад, вале ба сабаби рӯйдодҳои ахири Хоруғ аз сафар ба Лондон худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG