Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таманниёти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба олимпичиёни тоҷик


Пеш аз маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бо варзишгарони тоҷик мулоқот кард.

Дар ин мулоқот, ки имрӯз, 27-уми июл, дар деҳаи олимпӣ баргузор шуд, Маликшо Неъматов таманниёти раисиҷумҳури Точикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, ба варзишгарони тоҷик - ширкаткунандагони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ расонд.

Дар ин таманниёт, аз ҷумла омадааст: “имрӯз дар шаҳри Лондон оташи олимпӣ афрӯхта мешавад ва боиси ифтихор аст, ки 16 варзишгари Тоҷикистон дар 7 намуди варзиш ҳаққи иштирок дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳониро ба даст овардаанд. Варзишгарони мо маҳорати худро пайваста такмил дода, барои нишон додани натиҷаҳои баланди варзишӣ дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ҳамаҷониба омодагӣ дидаанд. Итминон дорам, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Лондон бо комёбиҳои сазовори худ мухлисон ва мардуми Тоҷикистонро шод менамоянд. Бо ҳамин умеду орзуҳо ба варзишгарон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, барори кор ва иқболи баланди варзишӣ орзу менамоям.”

Дар навбати худ варзишгарон ба раисиҷумҳур барои кӯмаку ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки барои баланд гардидани обрӯю нуфузи давлату миллати хеш тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳунарашонро сафарбар менамоянд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интизор мерафт раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми июл дар деҳаи олимпии Лондон бо варзишгарони тоҷик дидору мулоқот мекард. Вале раисиҷумҳур ба иллати ҳодисаҳо ва нооромиҳо дар Хоруғи Бадахшон аз ширкат дар маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон худдорӣ кард ва сафари ӯ ба Лондон сурат нагирифт.
XS
SM
MD
LG