Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони қазоқ мегӯянд, Челах ҳушёр аст


Табибони Қазоқистон бо муоинаи Владислав Челах муттаҳам ба қатли 17 ҳамхидматаш муаяйн кардаанд, ки ӯ ҳеҷ гуна бемории равонӣ надорад. Дар ин бора вакили дифоъи Владислав Челах хабар дод. Ин марзбони қазоқистонӣ, пештар эътироф карда буд, ки моҳи май як посгоҳи дурдаст дар марзи Чинро оташ зада, 15 нафар, аз ҷумла 14 ҳамхидмат ва як ҷангалбонро кушт. Вале аввали ин ҳафта аз ин эътирофоташ даст кашид.
XS
SM
MD
LG