Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддубадалҳои лафзӣ байни Русияву Ғарб


Русия ва қудратҳои ғарбӣ дирӯз бо раддубадалҳои лафзӣ ҳамдигарро ба мамониат ба талошҳои хатми низоъи Сурия айбдор карданд. Вазири хориҷаи Фаронса Лоран Фабиус зимни боздид аз Варшава Русияву Чинро айбдор кард, ки ба қатъномаҳои СММ дар мавзӯъи хатми ҷангҳои Сурия мухолифат меварзанд. Аммо ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров дар Маскав ба навбаи худ қудратҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки аз мухолифини Сурия ҳимоят мекунанд ва ин низоъро тӯл медиҳад. Бо ин ҳол, Эрон гуфт, ҳамчунон дар канори муттаҳидаш –Сурия – хоҳад истод. Телевизиони эронии Press TV аз ноиби раисиҷумҳур Муҳаммадризо Раҳимӣ нақли қавл кард, ки гуфтааст, ҳимояти Теҳрон аз Сурия “тағйирнопазир” боқӣ хоҳад монд. Ин радду бадалҳои лафзӣ дар ҳолест, ки даргириҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳо дар Ҳалаб – дувумин шаҳри бузурги Сурия – шиддат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG