Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ оташбас риоят мешавад, бозор боз шудааст


Маркази робитаҳои иҷтимоии ситоди фавқулоддаи ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳри Хоруғ хабар додааст, ки аз 26 нафар қурбониёни даргириҳои шаҳри Хоруғ 11 нафарро дафн кардаанд. Шахсияти онҳо дақиқ нашудааст ва аз онҳо ном набурдаанд.
Бино ба хабари ин манбаъ, дар шаҳри Хоруғ хонаҳо хароб нашудааст, вале боми баъзе хонаҳо осеб дидааст.

Масъалаи гузоштани телефони хабарҳои таъҷилӣ дар шаҳри Хоруғ баррасӣ мешавад. Аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ кумиссиюни махсус ташкил шудааст. Бозор ва баъзе мағозаҳо имрӯз боз шудаанд, вале дар иртибот бо мо аз Хоруғ боз шудани бозорро рад карданд.
XS
SM
MD
LG