Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Афғонистон амнияти марзҳоро баррасӣ карданд


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Бисмиллохон Муҳаммадӣ-вазири корҳои дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил-раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон мулоқот анҷом дод.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ин ду кишвар барои таъмини амният дар марзҳои миёни ду кишвар тадбирҳо меандешанд.
XS
SM
MD
LG