Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагиҳои байналмиллалӣ дар Хоруғ баста нашудаанд


Кормандони намояндагиҳои созмонҳои байналмиллалӣ ва муассаҳои мухталифи шаҳри Хоруғ дар нимаи дуввуми рӯзи панҷшанбе дар ду микроавтобус ба Душанбе нтиқол дода шуданд. Шумораи онҳо тақрибан 30 нафарро ташкил медиҳад. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне сокинони маҳаллӣ мебошанд.

Бино ба хабарҳои ахир, дар ду рӯзи ахир рафту омади сокинон дар шаҳри Хоруғ мушоҳида мешавад ва садои тир ба гӯш намерасад. Дар рӯзи аввали тирандозӣ баъзе биноҳо осеб дидаанд.

Ононе аз Хоруғ ба Душанбе меоянд, ки сайёҳ ва корманди созмонҳои хориҷӣ мебошанд ва ё сокиноне мебошанд, ки дар Душанбе хешовандонашон зиндагӣ мекунанд.
Бо вуҷуди ин , фаъолияти созмонҳои байналмиллалӣ дар Хоруғ қатъ нашудааст.
XS
SM
MD
LG