Пайвандҳои дастрасӣ

Зану шавҳари узбак дар талоши сӯиқасд даст надоштаанд


Додситон Кристер Петерсон

Додситон Кристер Петерсон

Додгоҳи Шветсия эълон кард, ки як зану шавҳари узбак дар талоши сӯиқасд ба ҷони Имом Обидхон қорӣ Назаров-рӯҳонии машҳури Узбакистон ҳамдастӣ накардаанд. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи шаҳри Остерсунди Шветсия ҳукми бегуноҳии зану шавҳарро дар поёни мурофиа эълон кард.

То ҳол маълум нест, ки додситон бар зидди ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд ё хайр. Обидхон қорӣ баъд аз хӯрдани се тир дар моҳи феврал дар шаҳри Стромсунд дар бемористон муолиҷа гирифт.

Обидхон қорӣ дар Шветсия паноҳандагии сисёсӣ гирифтааст ва аз соли 2006 ба ин сӯ дар ин кишвар ба сар мебарад. Вай яке аз мухолифони қавии режими Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ба шумор меравад.

Дар ҷараёни мурофиаи ниҳоӣ Кристер Петерсон-додситони суедӣ эҳтимоли даст доштани хадамоти махфии Узбакистон дар ин сӯиқасдро истисно накард.
XS
SM
MD
LG