Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия Шӯрои ваколатдори бадахшониён ташкил шуд


Имрӯз сокинони Бадахшони муқими Маскав ва манотиқи дигари Русия дар ҳамоише Шӯрои фавқулоддаи ваколатдор ташкил карданд ва аз ташкили он ба сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав ва аъзои шӯрои мазкур ин хабарро таъйид карданд. Ин Шӯро аз 8 нафар шахсиятҳои шинохтаи Бадахшон, ки дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба сар мебаранд, иборат мебошад.

Ҳадафи шӯро дастрас кардан ва расондани иттилоъоти дақиқу дуруст ба мардуми Бадахшони муқими Русия дар бораи вазъи Хоруғ ва хонаводаҳои онҳо дар Бадахшон мебошад.

Ин шӯро имрӯз ба нишонии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиатномае таҳия ва ба сафорати Тоҷикистон тақдим кард. Муроҷиатнома аз роҳи сафорат ба зудӣ ба раиси ҷумҳур фиристода шуд.

Дар он аъзои Шӯро аз эълони оташбас дар Хоруғ истиқбол кардаанд, вале чанд дархости дигари худро низ ба миён ниҳодаанд. Аз ҷумла, онҳо баровардани нируҳои мусаллаҳ аз қаламрави вилоят ва барқарор кардани иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва манотиқи дигари Бадахшонро тақозо нумудаанд.

Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав изҳор дошт, ки бо аъзои ин шӯро мулоқоти тӯлонӣ доштааст ва сафорат омода аст бо ин шӯро ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунад
XS
SM
MD
LG