Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сари кафида зери тоқӣ беҳ" ё чаро донишҷӯ аз шиква ибо меварзад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Давоми як соли хониш ҳеҷ донишҷӯ дар Донишгоҳи Кӯлоб аз болои устоди худ арзу шикоят накардааст.

«Қутиҳои арзу шикоят»-е, ки масъулини Донишгоҳи Кӯлоб соле пеш дар тамоми факултаҳо ба хотири огаҳӣ ёфтан аз мушкилоту камбудиҳо гузошта буданд, тамоми сол холӣ боқӣ монданд ва ҳатто аз ин қутиҳо як нома ҳам дар як сол берун нашудааст.

Нуралӣ Солеҳов, ректори донишгоҳи мазкур мегӯяд, дар берун аз Донишгоҳ афроди зиёде ғайрирасмӣ аз кори омӯзгорон шиква мекунанд, аммо ба таври расмӣ касе ҳозир намешавад, то бо далелҳо саҳву хатои омӯзгоронро бозгӯ кунад. Ӯ мегӯяд, ҳатто миёни донишҷӯён ташвиқу тарғиб шуд, то ба таври махфӣ ё худ «анонимӣ» камбудии Донишгоҳу омӯзгоронро дар «қутии арзу шикоят»-ҳо нависанд, аммо зоҳиран касе ҳам ба ин розӣ нашуд.

«Дар даҳ факултет маҷлис доштам. Ягон омӯзгор набуд. Ба донишҷӯён гуфтам, ки камбудиҳои омӯзгоронро гӯед, вале ягон нафараш шикоят накард. Гуфтам, ки гӯед, кадомаш пора мегирад, ҷазо диҳем, вале ягон донишҷӯ чизе нагуфт дар даҳ факултет. Ҳарчанд, мо мешунавем, ки хуб нест, аммо шикоят ки набошад, чи тавр чора мебинӣ. Гуфтем, агар касе аз кормандони Донишгоҳ чунин мекунад, марҳамат ба мо гӯянд, ки чора бинем. Агар ошкор гуфта натавонанд, марҳамат, тариқи «қутиҳои арзу шикоят» ба мо нависанд».

Дар ҳоле ба қутиҳои мазкур дар Донишгоҳи Кӯлоб арзу шикоят ворид нашудааст, ки шикояти донишҷӯён ба таври шифоҳию хаттӣ хеле кам аст. Алишер Раҷабов, як донишҷӯ шикоят накардани донишҷӯён аз болои устодони худро ба тарс вобаста медонад: «Ҳар донишҷӯ пеш аз оне, ки нияти шикоят кардан мекунад, фикр мекунад. Агар аз болои устод шикоят кунӣ, шояд ӯро касе чизе нагӯяд, аммо тасаввур кун, ки ту панҷ сол ё чор соли дигар бояд таҳсил кунӣ. Ҳатман устод «чап мегирад» ва панҷ сол бо ҳар баҳона ғам медиҳад. Дигар мо ҷомеаро бо чунин камбудиҳо қабул кардаем ва бо шикояти мо онҳо ислоҳ намешаванд».

Аммо бештари донишҷӯён «қутиҳои арзу шикоят»-ҳоро роҳи ҳали кори худ намедонанд. Шаҳбоз Назаров, як донишҷӯ мегӯяд: «Дар ҳоле, ки ба қабули ректор роҳ ёфтан мушкил аст, дигар аз куҷо ба қутиҳои арзу шикоят бовар мекунӣ. Вақте ба аризаи расмиат дер ҷавоб медиҳанд ё ҳеҷ чорае намебинанд, дилат аз ҳама мемонад. Дар ректорати Кӯлоб милиса гузошта шудааст, ки қариб ягон донишҷӯйро ба назди ректор рафтан намемонад. Дар ҳоле, ки ҳоло дар ҳукуматҳо милиса нест, дар як бинои таълимӣ милисаро посбон мондаанд».

Аммо коршиносон мегӯянд, аксари донишҷӯён назди устодон забони кӯтаҳ доранд, аз ин рӯ аз болои онҳо шикоят намекунанд. Салом Раҷабов, як коршиноси ҷавон мегӯяд, воқеан, аз омӯзгорон хатоҳо содир мешавад, аммо сабаби аслии хатои устод, донишҷӯёни камсавод ҳастанд:

«Агар донишҷӯе пора медиҳад, устод гунаҳкор нест, балки худи донишҷӯ гунаҳкор аст, ки дониш надорад. Онҳо аз он сабаб аз шиква кардан метарсанд, ки худ гунаҳкоранд ва метарсанд, ки кор дар доираи қонун ҳал шавад, шояд аз донишгоҳ берун карда шаванд. Барои ҳамин донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон бо шиори «сари кафида зери тоқӣ беҳ» амал мекунанд. Овозаҳо дар мавриди пора гирифтану дигару дигар бештар асос доранд, аммо дар донишгоҳ касе ба воқеӣ кардани онҳо манфиатдор нест».

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо доштани беш аз 6 ҳазор донишҷӯ бузургтарин Донишгоҳ дар вилояти Хатлон дониста мешавад. Ҳарчанд, овозаҳо дар мавриди ришва гирифтани омӯзгорони ин Донишгоҳ зиёд бошад ҳам, аммо тайи ду соли ахир ягон омӯзгори он бо гумони ришвагирӣ боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG