Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Сурия дар Алеппо


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо истифода аз ҳавопаймову чархболҳои низомӣ ҳамла ба мавқеъҳои мухолифини мусаллаҳ дар шаҳри Алеппоро идома медиҳанд. Алеппо - маркази бузурги тиҷоратӣ ва бузургтарин шаҳри Сурия аст.

Даргириҳо дар бархе маҳаллаҳои Димишқ низ, ки он ҷо рӯзҳои ахир ошубгарон мавқеъҳои худро мустаҳакам кардаанд,идома доранд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, нерӯҳои ҳукуматӣ дар шимоли пойтахт сӯи мухолифин аз тӯпхона гулула меандозанд.Гуфта мешавад, ки садҳо хонавода барои тарки манзилҳои худ маҷбур шудаанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Туркия дар робита ба афзоиши хушунат дар Сурия марзҳо бо ин кишвари ҳамсояро бастанд. Ошӯбгарон мегӯянд, ки ҳазорон низомиёни суриягӣ барои кӯмак ба нерӯҳои ҳукуматӣ аз марзи Туркия ба Алеппо фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG