Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Русия аз хушунат алайҳи мансабдорон дар Хоруғ


Вазорати умури хориҷии Русия бо пахши як изҳорот аз хушунат алайҳи намояндагони давлати Тоҷикистон, ки боис ба баргузории амалиёти вижа дар шаҳри Хоруғ шудааст, изҳори нигаронӣ кард. Идораи сиёсати берунаи Русия умедвор аст, ки “раҳбарияти кишвари дӯст - Тоҷикистон вазъиятро таҳти назорат мегирад ва волояти қонунро таъмин мекунад”.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки сафорати Русия дар Душанбе бо сохторҳои дахлдор пайваста дар тамос аст. Вазорат ҳамчунин умедвор аст, дар сурати зарурӣ ҳукумати Тоҷикистон амнияти шаҳрвандони Русияро, ки дар маҳалли амалиёти вижа қарор доранд, таъмин мекунад.

Алҳол дар бораи осеб дидан ё надидани шаҳрвандони Русия бар асари амалиёти вижаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иттилоъ нарасидааст.

Шаби гузашта бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос дар маркази вилояти Бадахшони Кӯҳистон шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Алҳол вазъ дар шаҳр ором аст ва нерӯҳои ҳукуматӣ бо амри раисиҷумҳур амалиётро мутаваққиф кардаанд.
XS
SM
MD
LG