Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 рӯз ҳақи иқомат дар Қирғизистон бидуни раводид


Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, ки Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар дар қонуне имзо гузоштааст, ки тибқи он шаҳрвандони 44 кишвари хориҷӣ метавонанд 60 рӯз дар қаламрави Қирғизистон бидуни раводид ҳақи иқомат дошта бошанд.

Пешнависи ин қонунро моҳи гузашта порламон ба тасвиб расонда буд. Ба ин кишварҳо ҳамаи 27 узви Иттиҳодияи Аврупо, Австралия, Зеланди Ҷадид ва баъзе кишварҳои Ховари Миёна ва африқоӣ дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG