Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Сурия:Силоҳи химиявиро истифода намебарем


Ҷиҳод Мақдисӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии сурия
Ҷиҳод Мақдисӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии сурия
Рӯзи душанбе сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Сурия гуфт, ҳукумати ин кишвар силоҳи химиявии дар ихтиёр доштаашро фақат дар сурати таҷовузи хориҷӣ ба қаламрави Сурия истифода хоҳад бурд.
Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Димашқ Ҷиҳод Мақдисӣ ҳамчунон гуфт, ҳукумат ҳеҷ гоҳ силоҳи химиявиро бар зидди мардуми Сурия истифода намебарад. Ба қавли Мақдисӣ анборҳои силоҳи химиявӣ зери назорати низомиён қарор доранд. Рӯзи якшанбе сухангӯи Қасри Сафед Ҷеймс Карнӣ гуфт, дар ҳоли истифодаи силоҳи химиявӣ ИМА ҳар як мансабдори ин кишварро ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид. Дар идомаи нишасти матбуотӣ сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Сурия изҳор намуд, ки вазъи пойтахти ин кишвар беҳбуд меёбаду эҳтимол дар чанд рӯзи оянда комилан назм барқарор хоҳад шуд. Мақдисӣ пешниҳоди Ҷомеаи кишварҳои араб дар мавриди тақдими имкони беруншавии боамният ба президент Башор ал-Асад ва аъзои оиларо ӯро рад кард.
XS
SM
MD
LG