Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кушоиши конфронси мубориза бо СПИД дар ИМА


Ораш Алоӣ-поягузори барномаи ҷилавгирӣ аз HIV дар Эрон

Ораш Алоӣ-поягузори барномаи ҷилавгирӣ аз HIV дар Эрон

Рӯзи якшанбе дар Вашингтон конфронси байналмилалии мубориза бо СПИД ифтитоҳ ёфт. Иштирокчиёни ин нишаст аз кишварҳои олам даъват карданд, ки назорати Спид ва ангезаи он- HIV-ро ба масъалаи авлавиятноки сиёсати ҷаҳонӣ табдил дода, пули бештареро барои пажӯҳиши он масраф намоянд.
Аз соли 1990 ба ин тараф ин аввалин конфронси байналмилалии мубориза бо СПИД дар қаламрави ИМА мебошад, ки то 27 июл идома мекунад.
Пешбинӣ мешавад, ки дар ин нишаст 21 ҳазор вакил аз 195 кишвари олам ширкат хоҳанд варзид. Раиси Бонки Ҷаҳонӣ Ҷим Йонг Лӣ мегӯяд, мо ба ҳалли мушкили СПИД наздик шудаем. Дар ҳамин ҳол Мишел Сибиде мудири муассисаи мубориза бо СПИД дар СММ (UNAIDS) иброз дошт, ки солона барои ҷилавгирӣ ва мубориза бо СПИД 16,8 миллиард доллар тахсис меёбад, ки аз рақами зарурӣ 7 миллиард доллар камтар аст. Дар арафаи нишасти Вашингтон дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ба ҳамкории бештар дар мубориза бо СПИД дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ даъват кард. Аз соли 2005-ум ба ин тараф тавсеаи HIV/AIDS (СПИД) дар ин минтақа ба 22 баробар шудааст.
XS
SM
MD
LG