Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди фавти Зоҳиршоҳ ва таҷзияи Чехословакия


Зоҳиршоҳ
Зоҳиршоҳ
Имрӯз, 23 июл сарвазири Итолиё Марио Монтӣ аз Маскав ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз Сербистон боздид хоҳанд кард. Имрӯз дар Харков муҳокимаи парвандаи сарвазири собиқи Украина Юля Тимошенкоро аз сар мегиранд. Дар Брюссел имрӯз нишастҳои дурӯзаи Шӯрои равобити хориҷаи ИА ва Паймони мушорикати шарқӣ, ки Украинаву Молдова, Арманистону Озарбойҷон ва Гурҷистонро дар бар мегирад, оғоз ба кор мекунанд. 5 сол пеш шоҳи собиқи Афғонистон Зоҳиршоҳ дар синни 92 даргузашт. Ва 20 сол қабл – 23 июли соли 1992 Чехословакия ба ду кишвари алоҳидаи Чехия ва Словакия ҷудо шуд.
XS
SM
MD
LG