Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба муфтии Тотористон. Ихтилофи дохилӣ ё эҷоди ноамнӣ?


Маҳали таркиши худрави муфтии Тотористон.

Маҳали таркиши худрави муфтии Тотористон.

Чаҳор нафари гумонбар дар ду ҳамла ба раҳбарони мусалмонҳои Тотористон боздошт шудаанд.

Дар ин бора намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин хабар дод ва гуфт, ки “миёни боздоштшудагон раиси шӯрои руасои ширкати “Идел-Ҳаҷҷ” Рустам Гатаулини 57-сола, раҳбари идораи “Вақф” сокини Қазон Мурод Галиеви 39-сола, Ҳайрат Шокирови 40-сола ва Озод Ғайнутдинови 31-сола ҳастанд.

Дар боздошти ин афрод ҳамроҳ бо кормандони вазорати умури дохилии Тотористон масъулини Кумитаи тафтишоти Русия ва Хадамоти федеролии тафтишоти Русия ширкат доштанд.

Илдуз Файзов. муфтии Тотористон.

Илдуз Файзов. муфтии Тотористон.

Сӯиқасд ба ҷони муфтии Тотористон Илдуз Файзов рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Қазон сурат гирифт – мошини ӯ аз маводи таркандае, ки афроди ношинос дар он ҷой карда буданд, мунфаҷир шуд. Илдуз Файзов сари вақт аз мошин берун шуд ва фақат ҷароҳат бардошт. Бо пойи шикаста ва чанд ҷароҳати дигар ӯ айни ҳол дар бемористон аст.

Соате пеш аз ин ҳодиса афроди ношинос муовини пешини муфтӣ Валиоллоҳ Ёқубовро дар канори манзили зисташ ҳадафи тир қарор доданд.

Айзиряк Ғараева, раиси бахши тарғиботи муфтиёти Тотористон, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи сиҳати муфтӣ ҳоло мӯътадил аст. Хонум Ғараева рӯзи ҷумъа афзуд, дар саҳни масҷиде дар Қазон, ки қаблан Валиоллоҳ ҳазрат Ёқубов имом-хатиби он буд, маросими ҷанозаи ӯ баргузор шуд. Дар маросим беш аз 500 нафар, аз ҷумла, раҳбарони мазҳабии дигар манотиқи Русия, вакилони парлумон, муовини аввали нахуствазири Тотористон, шогирдону устодони Валиоллоҳ Ёқубов ширкат доштанд.

Мақомоти тафтишотӣ ва коршиносони маҳаллӣ ҳамла ба муфтӣ ва муовини пешини ӯро бо фаъолияти мазҳабияшон рабт доданд – ҳам Файзов ва ҳам Ёқубовро дар Тотористон чун муборизони сарсахт алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва ваҳҳобизм мешиносанд. Ба гуфтаи Владимир Маркин, баъди ишғоли курсии муфтии Тотористон, Илдуз Файзов мубориза ин ҷараёнҳои ифротгаро дар ҷумҳуриро шурӯъ кард.

Аммо сабаби аслии сӯиқасд, афзуд ӯ, метавонад мавзӯъи назорат аз болои маблағҳо барои адои Ҳаҷ бошад, зеро “ӯ интиқоли маблағ аз тариқи созмони “Идел ҳаҷ”-ро, ки ба фиристодани мусалмонҳо ба Макка машғул аст, таҳти назорат гирифт”. “Дар ин мавзӯъ миёни раиси ин созмон ва муфтӣ низоъ ба вуқӯъ пайваст, ки ӯ ба Файзов таҳдидҳо кард”, гуфт Владимир Маркин.

Маросими ҷанозаи Валиюллоҳ Ёқубов, рӯҳонии тотор

Маросими ҷанозаи Валиюллоҳ Ёқубов, рӯҳонии тотор

Ҳабибулло Нафисуллин, раиси бахши байнулмилалии муфтиёти Тотористон гуфт, ки алҳол ин гуфтаҳои Маркинро ташреҳ карда наметавонад ва аммо ба зудӣ дар робита ба ҳодисаҳои ахиру сару садои атрофи он изҳороте нашр хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол бархе коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамлаҳо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон сурат гирифтанд ва ҳадаф – баҳам задани авзоъ дар Тотористон, яке аз амнтарин ва оромтарин манотиқи мусалмоннишини Русия аст.

Рӯзи панҷшанбе раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки ҳамлаҳо паёми ҷиддӣ ба мақомоти кишвар аст. Ӯ аз он интиқод кард, ки раҳбарони мазҳабии Тотористон зери ҳимояти ҷиддӣ қарор надоштанд. Раисиҷумҳури Тотористон Рустам Минихонов барои иттилое, ки боиси боздошти тарҳрезони сӯиқасд ба ҷони муфтӣ ва қотили муовини собиқи ӯ мешавад, як миллион рубли русӣ ҷоиза эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG