Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи варзишгари қирғиз баъди Олимпиада баррасӣ мешавад


Рӯзи ҷумъа додгоҳи Бишкек ба зани варзишгари муттаҳам бо авбошӣ иҷозат дод, ҳафтаи оянда ба Лондон сафар карда, дар бозиҳои олимпӣ иштирок кунад.

Муҳокимаи додгоҳии гӯштигир-хонуми қирғиз Ойсулу Тинибекова моҳи август аз сар гирифта мешавад. Узви тими мунтахаби миллии Қирғизистон Тинибекова бо он муттаҳам мешавад, ки моҳи апрели соли равон дар як бархӯрди кӯчагӣ дар шаҳри Бишкек духтари наврасро латту кӯб намуда, ба ӯ зиёни ҷисмонӣ расондааст.

Хешовандони духтар мегӯянд, бинии қурбонӣ шикаставу дар рӯяш изи зарбаҳои Тинибекова ба чашм мехӯрад, вале ин гуштигирхонуми 18-сола айбномаро рад карда, исрор меварзад, ки фақат аз худ дифоъ кардааст.
XS
SM
MD
LG